Activities calendar

26 майи 2023

КҲФ: Хатари омадани сел, резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ ва ярч ҳамоно боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмнони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 29 майи соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ (ба истиснои н

Имдодгарон як зани гирифтори бемории рӯҳиро аз кӯҳе поин оварданд, ки худ наметавонист поин ояд

25 майи соли 2023 ба қисми навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз сокинони деҳаи Саро, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт занг заданд ва хоҳиш карданд, ки барои аз кӯҳ поин овардани як сокини деҳа, ки имкони мустақилона фаромадан надорад, ёрӣ расонанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Хатари селу лағзиши замин бартараф нашудааст

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба мааълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзҳои 26-27-уми майи соли равон бар асари боронҳои шадид сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, боло меравад. Дар баъзе навоҳии кӯҳиву наздикӯҳӣ, ба истиснои қисмати шарқии Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон омадани селҳо, резиши санг ва ярч эҳтимол дорад.