КҲФ: Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар Кумита
Чоп шуд: 06/09/2025 | redaktor
Дар баробари мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистони азиз ҳайати шахсии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, санаи 6 сентябри соли 2025, 34-умин солгарди Истиқлоли давлатиро, ки волотарин ва пурарзиштарин ҷашни таърихӣ барои миллати тоҷик ба шумор меравад, дар толори Кумита бо хурсандию хушнудии зиёд ҷашн гирифтанд.
Дар чорабинии мазкур Раиси Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Алишер, муовини Раиси Кумита ва ҳайати шахсӣ иштирок намуданд.