Ҳалокати як сокини 15-солаи шаҳри Душанбе дар оби дарёи Вахш
Чоп шуд: 19/09/2025 | redaktor
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ғарқи об шудани як писари 15-сола дар канали Сталини шаҳри Левакант хабар дод.
Бино ба ин гузориш ҳодиса 17-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 16:30 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Левакант рух додааст. Ин писари ноболиғ, ки ҳамакнун 15 сол доштааст, ҳангоми аксбардорӣ ба канали Сталини шаҳри Левакатд сарозер шудааст.