КҲФ: Дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулоддаи аъзои ИДМ ба кори худ оғоз намуд
Чоп шуд: 17/09/2025 | redaktor
Имрӯз, 17-уми сентябри соли 2025, дар шаҳри Душанбе 37-умин ҷаласаи Шурои байнидавлатии сарони ҳолатҳои фавқулодаи аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба кори худ оғоз намуд.
Дар кори ҷаласа ҳайатҳои роҳбарии вазорату кумитаҳои дахлдор дар самти ҳолатҳои фавқулода аз Ҷумҳурии Озорбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.