Инфиҷори баллони гази моеъ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов сабаби ҷароҳат бардоштани як ноболиғ шудааст
Чоп шуд: 15/09/2025 | admin
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз инфиҷори баллони гази моеъ хабар дод, ки боиси ҷароҳат бардоштани як нафар шудааст.
Ин ҳодиса 14-уми сентябри соли 2025, соати 10:00 дақиқа дар ҷамоати шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷабор Расулов рух додааст.
Гуфта мешавад, ки дар хонаи истиқоматии шаҳрванд Самадов Меҳроҷ, бо сабабҳои номаълум баллони гази моеъ таркидааст.