Activities calendar

08 сентября 2025

Кумаки башардӯстона бо дастури Пешвои миллат ба мардуми аз заминларза зарардидаи Афғонистон

Субҳи 8 сентябр бо дастури Асосгузораи сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларзаи шадид осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон карда шуд.

Ин ёриҳо, ки бо корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ равона гардид, аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ, аз ҷумла орду

равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент ва дигар молу маҳсулот иборат аст.