Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои ғуборолуди рӯзҳои оянда
Чоп шуд: 13/09/2025 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки аз нимаи дуюми имрӯз, 13 сентябр то 16 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ноҳияҳои ҷанубии вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ҳавои пур аз гарду ғубор дар назар дошта шудааст.