КҲФ: Машқи мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон
Чоп шуд: 29/09/2025 | redaktor
24–26 сентябри соли 2025 дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ барои соли 2025 ва фармоиши Сардори мудофиаи граждании вилоят ташкил ва гузаронида шуд.
Машқ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии ноҳия ҳангоми боришоти пайдарпай, омадани сел ва таҳти хатар қарор гирифтани ҳудуди ҷамоатҳои деҳот» ҷараён гирифт.