Тамрин барои кормандони созмони “ИРОДА”

6 – уми декабри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони созмони ҷамъиятии “ИРОДА” барои барқарорсозии бачаҳои дорои имкониятҳои маҳдуд тамрин дар мавзуъи “Асосҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои фавқулода” баргузор шуд.

Дар тамрин бештар аз 30 нафар кормандони ин ташкилот ширкат карданд. 

Дар ҷараёни дарсҳо масъалаҳои тадбирҳои бехтарӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, қоидаҳои амал дар вақти заминларза ва баъди он мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.  

Полквник Ш.Яфталиев-сардори Шуъбаи омодасозии ғаввосони Раёсати Хадамоти махсуси ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди амалҳо ҳангоми заминларза дарси амалӣ гузаронд.  

Подполковник Х. Тоҳиров – ҷонишини сардори Раёсати тибии Кумита оид ба расонидани кумакҳои аввалия ба зарардидагон дар мавзуъи аввалин ёриҳои тиббӣ нақл кард ва баъзе аз ин ҳолатҳоро амалан нишон дод.

барчасп: