Ҷамъомади таълимӣ-методӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

13 декабри соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълими – методии “Чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ ва қаламрав аз ҳолатҳои фавқулода. Мушкилоти маавҷуда ва роҳҳои ҳалли он” баргузор шуд, ки дар он сардорони шуъбаҳои ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Раёсатҳо ва шуъбаҳои КҲФ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ширкат намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа ба ширкаткунандагон дар бораи тартиби ташкили зерсистемаҳои ҳудудии Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, амали комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноияҳо, арзёбии офатҳои табиӣ маълумот дода шуд.

Ҳамчунин, масъалаҳои омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар давраи зимистон ва ташкили захираҳо ҳангоми бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода, интиқоли одамон аз маконҳои офат ба ҷойҳои амн, ташкил намудани иншоотҳои ҳимоявӣ ва таъмини бехатарӣ дар иншоотҳои нисбатан хатарнок барарсӣ шуданд. 

Дар поёни ҷаласа ширкатккунандагон дар мавриди табодули таҷриба ва омодасозии мутахассисон тибқи барномаҳои махсус дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд дар доираи Системаи ягонаи давлатии пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулода пешниҳодҳо карданд.

 

барчасп: