Ҷамъбасти фаъолиятҳои яксолаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Шаҳринав

Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Шаҳринав бо баргузории ҷаласа фаъолияти яксолаи хударо ҷамъбаст намуд ва вазифаҳо дар соли 2020-ро муайян кард. Дар ин  ҷаласа Раиси Ҳукумати ноҳия – Раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, аъзоёни комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳои коркарди регу шағал ва иншоотҳои иқтисодии ноҳия ширкат намуданд.

Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ муовини Сардори Сарраёсат - сардори Раёсати ташкилию оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Вализода Х. Иштирок намуд.

Раиси комиссияи ҳолатҳои фавқулодда бо ифтитоҳи ҷаласа дар бораи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ сухан ронд ва вазифаҳои соли 2020-ро муайн кард. 

Муовини Сардори Сарраёсат - сардори Раёсати ташкилию оперативии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Х. Вализода зимни суханронии худ бори дигар  ҷиҳати ташкил ва ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода, роҳандозии омӯзишҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафи ҳолатҳои фавқулода суханронӣ намуда, дар бораи омодагиҳои ҷиддӣ ба зимистони соли 2020 изҳори назар намуд.

барчасп: