Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши дуюм

Лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» бо назардошти супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба такмили сохтори штатӣ ва Протоколи машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2016 № 37-35, тибқи талаботи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ва бо мақсади муайян намудани самтҳои афзалиятнокии рушди КҲФ ва МГ ва таъмини рушди минбаъдаи устувори он дар ояндаи дарозмўҳлат таҳия карда шудааст.

Лоиҳаи Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муайянсозии мақсад, принсипҳо, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ислоҳот ва рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ нигаронида шуда, амалигардонии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷавобгў мебошад.

Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода, таҳкими заминаи моддӣ - техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ техногенӣ равона шудааст.

 Барои дар амал ҷорӣ намудани Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 нақшаи чорабиниҳои оид ба татбиқи он таҳия  шудааст, ки аз қисматҳои зерин иборат мебошад:

  • - такмил додани заминаи меъёрии ҳуқуқии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - омўзиш ва бозомўзии кадрҳо;
  • - таҳкими заминаи моддӣ-техникии қўшунҳои мудофиаи гражданӣ ва рушди минбаъдаи онҳо;
  • - рушди сохторҳои ҳудудии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • - рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • - бозсозӣ ва аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳаз кардани Маркази иттилоотӣ-таҳлилии Кумита;
  • - ташкили Марказҳои идоракунии ҳолатҳои буҳронии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

КҲФ ва МГ  дар доираи салоҳиятҳои худ чораҳои заруриро ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда, эътино ба ҳолатҳои фавқулода ва рафъи оқибати онҳо меандешад. Аммо барои такмили фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ  зарур аст ки:

  • - заминаи меъёрӣ - ҳуқуқии КҲФ ва МГ такмил дода шавад;
  • - низоми идоракунии ҳолатҳои буҳронии КҲФ ва МГ бо роҳи ташкили марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ аз нав ташкил карда шавад;
  • - сатҳи тайёрии касбии ҳайати шахсии КҲФ ва МГ баланд бардошта шавад;
  • - асоси моддӣ-техникии КҲФ ва МГ ва ҷузъу томҳои минтақавии он мустаҳкам карда шавад;
  • - Маркази иттилоотӣ-таҳлилии КҲФ ва МГ бозсозӣ ва аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳаз карда шавад;
  • - дар сохтори Кумита хадамоти кинологӣ,  хадамоти кумаки равонӣ, сохтор барои гузаронидани корҳои таркишӣ ва дастаҳои бастии наҷоти зудамали иловагӣ, аз ҷумла дар иншооти обӣ низ ташкил карда шаванд.

Барнома  аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сармоягузориҳои хориҷӣ, грантҳо ва пули ташкилотҳои байналмилалӣ татбиқ мешавад.

Барномаҳои рушди КҲФ қадам ба қадам. Бахши аввал
 

барчасп: