CОVID-19 – Тоҷикистон: Мубталоён 4609 нафар, шифоёфтагон 2763 ва фавтидагон 48 нафар

То соати 18:00 рӯзи 8 июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4609 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ба  қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 2763 (60%) нафар шифо ёфтаанд. То имрӯз дар Тоҷикитсон бар асари коронавирус 48 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо пахши ин хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ки  то 8 июни соли равон дар мамлакат 1176 нафар зери назорати табибон қарор дошта, дар як шабонарӯзи охир 90 нафар пас аз шифо ёфтан ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Манбаъ ҳамчунин мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намудаистодаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.