Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?

Бино ба гузоришҳои расида аз Чин ин кишвар панголин ё ҳамон мурчахӯри  пулакдорро аз феҳристи расмии доруҳои сунатии чинӣ хориҷ кардааст. Ин иқдом, ки рӯзномаи “Тоймз беҳдошт”-и Чин гузориш кардааст, дар пайи он гирифта шуд, ки давлати Чин панголинро таҳти бештарин ҳифозат қарор дод.  Шикори ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии пулак ва гӯшт ин пистондори камёбро ба марзи инқироз рондааст.  Куллияи ҳашт гунаи ин ҳайвон акнун дар маърази хатари нобдӣ ҳастанд.

Созмонҳои хайрияи ҳифи муҳити зист аз ҳифозати густардатари панголин истиқбол кардаанд. Пол Томсон-як тан аз аъзои гурӯҳи “Панголинҳоро наҷот диҳед!” гуфта, ки иқдоми Чин як лаҳзаи муҳим дар ҳаёт ва густариши ояндаи ин мавҷудот аст. Вай таъкид кард: “Иқдоми Чин аз хориҷ кардани пулаки панголин аз феҳристи доруҳои суннатӣ метавонад шароитро комилан барои ин ҳайвон дигаргун созад”.

Ӯ аз давлати Чин хост ин тасмимро барои ҳамаи ҳайвоноти ваҳшӣ ҷорӣ кунад, гунаҳое, ки масали панголинҳо аз ҳаёти ваҳшӣ сайд мешаванд ва ағлаб дар қафасҳои касиф ва пуриздиҳом нигаҳдорӣ мешаванд, ки заминаи хеле мусоид барои интишори бемориҳо фароҳам мекунад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ, дар айни авҷи вируси корона дар Чин ва густариши он ба кишварҳои дигар олимон талош ҳам карда буданд, ки имкониятҳои аз мурчахӯр сироят шудани вирус ба инсонро мавриди таҳқиқи қарор диҳанд. Дар айни таҳқиқоти ҳайвоҳои гуногун донишмандон формули генетикии вируси ҷадидро, ки аз бадани як бемор ба даст омада буд, пайдо карданд, мушахахс шуд, ки хуффошҳои Чин интиқолдиҳандаи  ин вирус ба инсон  шудаанд. 

Ин пистондорон дар гурӯҳҳои бузург даври ҳам ҷамъ мешаванд, ба масофаҳои тӯлонӣ парвоз мекунанд ва дар тамоми қораҳои олам ҳузур доранд.  Хуффошҳо ба нудрат якдигарро мариз мекунанд, вале метавонанд омили беморизоро дар масофатҳои тӯлонӣ ва ба таври густарда паҳн кунанд.

Бахши дигари таҳқиқот ҳамин мурчахӯр буд. Ин ҳайвон аз ҳама ҳайвонҳои дигар дар олам бештар қочоқ мешавад, вале дар хатари нобудӣ қарор дорад. Пӯсти пуладори он корбурди густарда дар тибби сунатии Чин дорад ва гӯшташро лазиз медонанд. Вируси корона дар ин ҳайвон пайдо шуда ва ҳатто гуфта шуд, ки бахе аз ин вирусҳои шабоҳати зиёде ба  намунаи ҷадиди инсонӣ доштанд. Оё метавон гуфт вирусҳо қабл аз расидан ба инсон байни хуффош ва пенголин мубодилаи генетикӣ доштанд? Чун таҳқиқот ба анҷом нарасиддаст ва ё анҷом шуду натиҷаи он расонаӣ нашуд, посухи ин суол номумкин аст.