Наздик ба 18 миллион сироятшудагон ба Covid-19 дар олам. Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд дар гирдоби хатар

Институти Ҷонс Ҳопкинз хабар дошт, ки шумори умумии сироятёфтагон ба КОВИД-19 дар саросари олам ба 18 миллион нафар наздик мешавад. То кунун бештар аз 685 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд. Сирояти вирус ҳоло бештар дар чандин минтақаи олам, аз ҷумла Австралия, ИМА, Африқои Ҷанубӣ ва Ҳинд густариш меёбад.

Дар иёлоти Викторияи Австралия низоми офат эълон шуд. Бино ба омори расмӣ дар ин минтақа зарфи як шабонарӯзи гузашта 671 ҳодисаи нави сироят ба қайд гирифта шудааст.  

Ҳамагирӣ сабаби он шуд, ки имсол танҳо 10 ҳазор мусалмонон маросими ҳаҷро бо риояи ҳама қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла риояи фосила анҷом диҳанд. Дар ҳоле ки ҳар соле беш аз 2,5 миллион нафар ба зиёрати Хонаи Худо мерафтанд. 

Рӯзи якшанбе дар Русия 5 ҳазору 427 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Русия дар сироят ба коронавирус бо 850 ҳазор нафар дар ҷойи чорум қарор дорад. 

Дар Амрикои Лотин ва кишварҳои ҳавзаи Кариб бар асари коронавирус беш аз 200 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, ки наздик ба 75% онҳо дар Бразилия ва Мексика буданд.  

Дар Африқои Ҷанубӣ бештар аз 500 ҳазор сироятёфтагон ба қайд гирифта шудаанд. 

Дар Ҳинд сеюмин рӯз аст, ки шумори сироятшудагон ҳамарӯза аз 50 ҳазор боло меравад.

Шабонарӯзи гузашта дар Эрон 2 ҳазору 685 ҳазор нафар мубталои КОВИД-19 шуданд. Вазорати беҳдошти Эрон ахиран эълон кард, ки вазъи густариши коронавирус дар 25 вилоят аз 31 вилоят ташвишовар аст.