Ширкати кормандони Кумита дар ҳашари умумивилоятии Хатлон

Аз 4 то 6 феврали соли 2021 кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳашари умумивилоятие, ки бо дастури сарвари ин вилоят роҳандозӣ шудааст, ширкат карданд. Ҳадафи аслии ин чорабинӣ пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дар мавсими зимистон ва баҳор буд.

Дар ҳашар коргарони корхонаҳо ва ташкилотҳо, муассисаҳо, кормандони дастгоҳи вилоят, сокинони маҳаллӣ низ ширкат варзиданд. Дар ба тартиб даровардани ҳудуди вилоят 1564 корманд ва 4227 нафар аҳолии маҳаллӣ иштирок доштанд.  

Ғайр аз ин, 35 адад техникаи махсус ҷалб карда шуд. Бо дастури Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда барои роҳандозии ин корҳо дар вилояти Хатлон беш аз 3000 литр сӯзишворӣ ҷудо карда шуд, ки он бо воситаи техникаи Кумита ба минтақаҳои мавриди назар оварда шуд.

 Дар вақти хашар партовҳо аз канори роҳ тоза карда шуданд, зиёда аз 13 км ҷӯйбору заҳбурҳо аз ифлосиҳо поккорӣ шуданд, 3000 бех ниҳолҳо шинонида шуданд, дар соҳил дар масофаи тақрибан 2 км корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида шуданд, зиёда аз 6 км партовҳо аз селу каналҳо блокҳои оҳану бетонӣ гузошта шуданд. Корҳои ободонӣ дар минтақа идома доранд.