Пирӯзии навбатии дастаи волейболбозони Кумита. Ҳисоб: 2:0

Дастаи волейболбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаи навбатӣ бо дастаи Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд. Ин бозӣ охири ҳафтаи гузашта дар толори   Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 баргузор шуд.

Гуфтанист, ки ин мусобиқаҳо бо мақсади ташвиқу тарғиби варзиш ва ҳаёти солим, сулҳу субот дар ҷомеа, устувор мондани дӯстию бародарӣ ва рафоқат байни кормандони вазорату идораҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ибтикори  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд ва то ба имрӯз дастаи варзишкорони КҲФ дар чандин сабқат, аз ҷумла дар бозиҳои волейбол бо дастаҳои Кумитаи телевизион ва радио, телевизиони “Ҷаҳоннамо”, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолиб омаданд. 

Ба варзишкорони худ комёбиҳои нав ба нав таманно дорем!

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: