Пешгирӣ аз рӯйдодҳои нохӯш дар Бохтар

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба истиқболи оғози мавсими тафреҳу оббозӣ дар соҳили обҳои қаламрави вилояти корҳои тарғиботиву ташвиқотиро вусъат медиҳанд.

Чунончӣ, рӯи 1-уми июни соли равон кормандони Раёсат рейди навбатии таблиғотиро дар махзанҳои оби воқеъ дар қаламрави шаҳри Бохтар баргузор карданд.

Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна чорибиниҳо огоҳ кардани сокинон аз хатарҳои эҳтимолии ҳузур дар соҳили обҳост, ки бисёр вақт аз надонистани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ сабаби ҳодисаҳои нохӯш ва баъзан муҷиби марги инсонҳо мешавад. 

Дар ин гуна мавридҳо кормандони КҲФ бо касоне, ки дар соҳили рӯдхонаву обанборҳо истироҳат мекунанд, вориди суҳбат мешаванд ва ба онҳо қоидаҳои бехатарии истироҳатро ёдрас мекунанд. Китобчаву буклетҳои таблиғотӣ тақсим мекнамоянд.