Боди шадид болопӯшҳои худсарона сохтаи сокинони ду биноро дар пойтахт канд. Талафоти ҷонӣ нест

Дирӯз, 13-ми июн, соати 15:27 дақиқа ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки шамоли сахт болопӯши бинои 13/1, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанберо кандаву, масоҳати 91 метри мураббаъи он ба замин афтодааст. Ин бино аз чор ошёна иборат будааст.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада соати 15:30 дақиқа гурӯҳи 1-уми Дастаи зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе дар хайати 5 нафар, ба ҷои ҳодиса сафарбар карда шуд. Соати 17:50 дақиқа ҳолати ба амаломада аз ҷониби наҷотдиҳандагон батараф карда шуд.

Ҳамзамон соати 16:45 хабар расид, ки боди шадид болопӯши як бинои 9-ошёнаро кандаву тахминан дар масоҳати 270 метри мураббаъ зарар дидааст ва аз миён як қисмати он ба замин задааст. 

Дар хабар ҳамчунин гуфта мешавад, ки як қисми болопӯши бино ба болои автомашинаи тамғаи Ҳундай уфтодаву мошин қисман зарар ҳам дидааст.

Барои рафъи паёмадҳои ҳолати баамаломада соати 16:48 дақиқа наҷотдиҳандагони Раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобиву наҷоти Кумита ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо дастаи махсуси зудамали раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ду соати заҳмат кашиданд, то ҳолати баамаломада бартараф шавад ва бино барои бошандагонаш бехавфу хатар гардад.  

Маврид ба ёдоварист, ки болопӯшҳои шамолканда дар биноҳои мазкур аз ҷониби соҳибмулкон худсарона, бе лоиаҳи сохтмониӣ ва бе мувофиқа бо сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе, сохта шудааст.

Аз ҷараёни ҳодиса ва корҳои рафъи ҳоалти фавқулода санад тартиб дода шудаму ба мақомоти дахлдор ироа гардид.

Ҳодиса дар ду маврид ҳам талафоти ҷонӣ надошт. 

С.Шамсизода, сардори Раёсат, полковник.