Роҳандозии корҳои таблиғотӣ миёни истироҳаткунандагони соҳилҳо дар ВМКБ

Дар авҷи мавсими оббозӣ кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳандозии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ дар мавзӯъи таъмини бехатарии одамон дар обҳо идома медиҳанд.

Онҳо пайваста миёни мардум ва истироҳаткунандагони соҳили дарёву кӯлҳо ва обанбору каналҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохӯш мулоқотҳо баргузор мекунанд, суҳбатҳо мегузаронанд. Яке аз мавзӯъҳои муҳими ин суҳбатҳо таъмини бехатарии сокинон мебошад.

Чунончӣ, бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш миёни истироҳаткунандагон кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ дар махзанҳои оби қаламрави ҷамоати Сучони, боғи истироҳат ва фарҳанги “Чорбоғ”-и шаҳри Хоруғ ва деҳоти ноҳияи Шуғнон як силсила корҳои таблиғотиро ба роҳ монданд. 

Дар қаламрави ин маҳалҳои истироҳат ҳамчунин овезаҳои иттилоотӣ насб карданд. Ва ба итироҳаткунандагон китобчаву варақаҳо дар мавриди риояи қоидаҳои бехатарӣ дар обҳоро тақсим намуданд.