Ҷойи дуюми корманди КҲФ дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Русия

Дар Олимпиадаи Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи мудофиаи гражданӣ беш аз 200 нафар иштирок карданд ва капитан Ҷалол Холов-магистри соли дуюми ин Академия дар миёни афсарон ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Ин олимпиада дар низоми офлайн ва онлайн баргузор шудааст. Ба ширкаткунандагон лозим меомад ба 30 масъалаи тестӣ, ки бештари суолоти он дар мавриди мудофиаи гражданӣ дар Федератсияи Русия буд, посух медоданд.

Ташкилкунандагони олимпиада, омӯзгорони кафедра И.Я. Стрелетский, Г. М. Ковал ва С.А. Синдеев ба иштирокдорон ширкаткардагон шаҳодатномаҳо ва ба ғолибон ҷоизаҳо ва ифтихорномаҳо тақдим карданд. 

Капитан Ҷалол Холов 29-сол дорад. Маълумоташ олист, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. 

Аз соли 2016 то иҷнониб дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор ва фаъолият мекунад. Афсари шуъбаи Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд, афсари калони Сарраёсати мазкур, муовини сардори Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумита буд.

Аз соли 2020 то инҷониб, дар Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Русия таҳсил мекунад.

Ҳоло магистранти соли 2 –юми Академияи мазкур мебошад.

 

Пирӯзиро ба ҳамкори худ муборакбод мекунем!

барчасп: