Машқи мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар асоси нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2021, ки аз ҷониби Сардори мудофиаи гражданӣ-раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шудааст, машқи мудофиаи гражданӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар рафти машқ ҳуҷҷатгузории соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ва амалиёти қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ ба таври назариявӣ аз назар гузаронида шуда, ҳолати омодагии қувва ва воситаҳо дар ҷои ҷойгиршавии доимиашон санҷида шуданд.

Ҳамзамон дар идомаи машқ захираҳои моддии ноҳия барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ, захираҳо барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз назар гузаронида шуданд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки машқи мазкур таҳти роҳбарии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бевосита бо иштироки раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафарбек Давлатзода гузаронида шуд, ки вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намудани вазифаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.

 

Шаҳзода Бутаева