Чаро зиминларзаи шаби гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд?

Заминларзаи шаби гузашта субҳи имрӯз баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Иддае бо назардошти такони шадид, ки дар биноҳои баландошёнаи шаҳри Душанбе эҳсос шуд, ба хабари Институти геология ва сейсмологияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қувваи онро дар пойтахти кишвар 3-4 балл эълон кард, изҳори нобоварӣ карданд. Лаҳзаҳое, ки ин сатрҳо навишта мешаванд, ин баҳсҳо дар Фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷараёнанд.

Ба хотири рафъи баъзе сӯитафоҳумҳо матлаберо аз 12 балли зиминларза интишор медиҳед, ки аз ҷониби созмонҳои пажӯҳишии зилзилашиносӣ омода шудааст. Яъне, дар 12 балли заминларза аз 1-2 то 12 балл чӣ ҳодиса рух хоҳад дод. Аз рӯи ин ҷадвал ҳар кас ҳам метавонад қувваи зилзиларо тахминан муайян кунад.

 

12 балли заминларза

Кулли заминларзаҳои оламро тибқи ҷадвал то ба 12 балл табақабандӣ мекунанд.

 

1-2 балл

Такони замин аслан эҳсос намешавад. Ин гуна заминларзаҳоро танҳо бо асбобҳои махсус метавон муайян кард, асбобҳое, ки хеле ҳассосияти баланд доранд.

 

3 балл

Ашёи овезон ва мошинҳои ором истода каме алвонҷ мехӯранд. Агар дари хона ё дарвоза боз бошад,  каме меҷунбад. Лаппиш дар оби сокити дохили зарфҳо дида мешавад. Одамоне, ки дар дохили хонаанд, бахусус сокинони биноҳои баландошёна онро ҳисс мекунанд.

 

4 балл

Ашёҳои овезон ва мошинҳои сокит алвонҷ мехӯранд, оби зарфҳо  сахттар мелаппанд. Ин заминларзаро тақрибан ҳама эҳсос мекунанд ва ҳатто касоне, ки хобанд, аз такони он бедор мешаванд.

 

5 балл

Иморатҳои осебпазир каме зарар мебинанд, ҷонварон безобита мешаванд, дарҳо ва тирезҳаое, ки бозанд, кушодаву пӯшида мешаванд. Ашёи овезон ба шиддати бештар алвонҷ мехӯранд. Зарфҳои сабуке, ки дар рафҳо гузошта шудаанд, меафтанд. Одамони хоб ҳатман бедор мешаванд, шишаҳои тирезаҳо ба ларза меоянд ва ин садо шунида мешавад. Сафедии андоваи хонаҳо мерезанд.

 

6 балл

Китобҳову ашёи сабуки рафҳо меафтанд. Раққосаки соатҳо аз ҷунбиш мемонанд. Одамон дар ҳарос меафтанд, талош мекунанд аз хона берун шаванд. Дар заминҳои сернам тарқишҳо пайдо мешаванд. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ сангрезиш мушоҳида мешавад. Миқдори оби чашмасорон тағйир меёбанд. Иморатҳое, ки аз похсадевор бино шудаанд, сахт зарар мебинанд.

 

7 балл

Асбобу анҷоми сабуки хона ҷой иваз мекунанд. Телевизору зарфҳо меафтанд. Одамон ба берун медаванд. Оби чашмаву ҳавзҳо тира мешаванд. Аксари иморатҳо зарар мебинанд. Девори хонаҳо дар кунҷҳо аз ҳам ҷудо шуда, аксар вақт деворҳои беруна чаппа мешаванд. Дар биноҳои хиштсохт тарқишҳо ба амал меоянд, биноҳо меафтанд.

 

8 балл

Қувваи барқ қатъ мешавад. Тамоми асбобу анҷоми хона меафтанд. Одамон дар пой истода наметавонанд. Тарқишҳои замин якчанд сантиметр мешаванд.  Чашмаҳои нав пайдо ва чашмаҳои пештара нест мешаванд. Ҳайкалҳо ва деворҳои сангин чаппа мешаванд.

 

9 балл

Дар замин тарқишҳои бузурге пайдо мешаванд, ки фосилаашон то 10 см мебошанд. Аз кӯҳҳо сангҳо сарозер мешаванд. Биноҳои лойсохт валангор мешаванд, аксари хонаҳои хиштӣ хароб мешаванд. Қубурҳои нафту газ ва об вайрон мешаванд. Дар мавридҳои алоҳида хати роҳи оҳан каҷ мешавад ва дар роҳҳо тарқишҳо пайдо мешаванд. Ин сабабгори садамаи қаторҳои равон мешавад.

 

10 -12 бал

Ин заминларзаи хеле харобиовар аст ва онҳро офат меноманд. Заминларзаи барои мо ошнои Ҳоит дар Тоҷикистон ва Спитак дар Арманистон аз ин ҷумлаанд, ки такони замон дар маркази он 9-10 балл буд.

 

Иқтибосҳо аз мақолаи А.Шомаҳмад, Заминҷунбӣ: сабаб ва оқибатҳои он. Илм ва ҳаёт, 1990, 4.