Сел дар Ҳинд ва Банглодеш даҳҳо нафарро ҳалок кардаву беш аз 3 миллионро овора

Бар асари раъду барқ ва рониши замин, ки ба сабаби тӯфонҳои мавсимии шадид дар Ҳинд ва Банглодеш рух додааст, 59 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Миллионҳо нафар низ саргардон шудаанд ва неруҳои имдоди ду кишвар ҳоло дар ин талошанд, ки худро ба маҳалли ҳодиса ва мардум равонанд.

Бар асоси пешбиниҳо сел тайи чанд рӯзи оянда бештар хоҳад шуд ва то кунун  мақомот даҳҳо маротиба аҳолиро аз оқибатҳои нохӯши ин селҳо ҳушдор додаанд ва аз онҳо даъват кардаанд, дар сурати хатар ба зудӣ маҳалли зисти худро тарк кунанд ва ҷони худу пайвандонашонро наҷот диҳанд.

Мақомоти давлатии Банглодеш сели ахирро бадтарин сел аз соли  2004 дар ин кишвар тавсиф кардаанд. Боронҳои беамон дар ҳафтаи гузашта бахшҳои васеъ аз минтақаи шимолу шарқи ин кишварро зери об бурда ва ҷорӣ шудани об аз кӯҳҳои кишвари Ҳинд ба самти Банглодеш авзоъро бадтар кардааст.

Мактабҳо ба макони паноҳандагони муваққат табдил дода шудаанд ва нерӯҳои имдодӣ дар талош ҳастанд, то хонаводаҳоеро, ки ба далели боло омадани об ва сел аз маҳалли сукунати худ фосила гирифтаанд, тахлия кунанд.

Мақомот гуфтаанд, дар ин селҳо ва боронҳо бештар аз 3 миллион нафар овора шудаанд.

Гуфтанист, ки Ҳинд ва Банглодеш зарфи чанд соли охир тағйироти шадиди иқлимиро таҷриба мекунанд.

Коршиносони муҳити зист ҳушдор медиҳанд, ки ин масъала метавонад сабаби фоҷеаи бештар шавад, бахусус дар кишварҳое, ки замини камтар ва аҳолии бештар доранд.

 

Манбаъ: ВВС форсӣ

барчасп: