Машқҳои мудофиаи гражданӣ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВИДЕО)

20 июли соли 2022 бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022 кормандони КҲФ дар Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон машкхои мудофиаи гражданй ташкил ва гузаронданд.

Машқҳо дар мавзӯи «Амали роҳбарияти Сарраёсат дар ҳолати зилзила бо қувваи 7-8 балл» баргузор гардид. Тибқи нақшаи тактикӣ, дар натиҷаи заминларза дар бинои Сарраёсат сӯхтор ба амал омада, чаҳор корманди он зери харобаҳо мондаанд.

 Кормандони КҲФ амалҳо ҳангоми роҳандозии амалиётҳои эвакуатсионӣ, ҳамчунин корҳои наҷот ва расонидани аввалин ёриҳои тиббӣ ба зарардидагонро намоиш доданд. 

Мақсад аз баргузории ин гуна тамринҳо баланд бардоштани сатҳи малака ва дониши роҳбарияти Сарраёсати бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ мебошад.

Гуфтанист, ки ин гуна машқҳо ба таври ҳамешагӣ дар идораву муаасисаҳои гуногун гузаронида мешаванд ва дар онҳо мутахассисони соҳибтаҷриба ширкат ва иштирокдоронро омӯзиш медиҳанд.

Дар ин чорабинӣ низ ҳадафҳои гузошташуда бекаму кост иҷро шуданд.