Ҷасади сокини 12-солаи ноҳияи Данғараро даҳ метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса пайдо карданд

Ҷасади сокини 12-сола

9 августи соли 2022 тахминан соати 17:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар об ғарқ шудааст.

Бино ба хабар ин писарбача дар як канали байнидеҳавӣ оббозӣ мекардааст ва аз риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон ҳангоми оббозӣ ҷон бохтааст.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса кормандони шуъбаи ноҳиявии Кумита сафарбар шуданд. Онҳо ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасадро то соати 17:30 дақиқа ҷустанд. Билохира, онро даҳ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Маврид ба ёдоварист зарфи 7 моҳи соли равон дар обҳои кишвар 123 нафар ғарқ шуданд, ки 64 нафари онҳо то 16-сола буданд.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро назорат кунанд, онҳоро танҳо ба оббозӣ иҷозат надиҳанд.

Ҷиддан бояд қоидаҳои будубош дар назди махзанҳои обро риоя намоянд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ барои ҳаёти шумо хатар дорад! Эҳтиёт кунед!!!

ДАР ИН БОРА МАТОЛИБИ ЗЕРИНРО ҲАМ МЕТАВОНЕД БИХОНЕД:

МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 1
МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 2
МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 3
МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 4
МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши охир
ПОЛКОВНИК САЙФУЛЛОЗОДА: ҲАМЕША КӮДАКОНРО ЗЕРИ НАЗОРАТ ДОШТА БОШЕД!
барчасп: