Коронавирус то 5 октябри соли 2020: Шумори мубталоён дар олам аз 35 миллиону 406 ҳазор гузашт. Туркия воксани тавлиди ватаниро озмоиш мекунад

Субҳи имрӯз, 5 октябри соли 2020 эълон шуд, ки шумори мубталоён ба вируси корона дар саросари олам ба 35 миллиону 406 ҳазору 974 нафар расид. Аз ин вирус аз оғоз то ба имрӯз 1 миллиону 41 ҳазору 893 нафар ҷон бохтаанд. Дар як шабонарӯзи гузашта 1 467 нафар дар кулли кишварҳои олам фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон ба 26 миллиону 631 ҳазору 848 нафар расидааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки беш аз 88 дарсади мубталоён ба коронавирус дар кишвар муолиҷа шудаанд. То кунун дар Тоҷикистон 9935 нафар ба ин вирус сироят шудаанд.

Ҳукумати Фаронса Порис ва навоҳии атрофи онро минтақаи хатари ҳаддиаксар номид. Сабаб: авҷи бесобиқаи коронавирус.

Шумори сиротшудагон ба коронавируси навъи нав дар Лаҳистон аз 100 ҳазор гузашт. 

Дар Туркия озмоиши воксани тавлиди ватанӣ барои одамон оғоз шуд.  

Ҳукумати Эрон тасмим гирифт, ки маҳдудиятҳои нав барои як ҳафта ба сабаби авҷи марҳилаи сеюми коронавирус дар ин кишвар ҷорӣ кунад. Тӯли як ҳафта донишгоҳҳо, мактабҳо, масҷидҳо, синамохонаҳо, театрҳо, осорхонаҳо, сартарошхонаҳо, клубҳои варзишӣ, тарабхонаву қаҳвахонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ аз фаъолият боздошта хоҳанд шуд.  

Ҳукуматдорони пойтахти Ҳинд шаҳри Деҳлӣ ба қароре омадаанд, ки дари мактабҳоро то 31-уми октябр боз накунанд. Сабаби ин низ афзоши бесобиқаи сафи мубталоён ба КОВИД-19 мебошад. 

Теъдоди гирифторон ба вируси корона дар Русия зарфи як ҳафтаи охир 63 ҳазору 563 нафар афзуд. Бори аввал баъди 15-уми май дар ин кишвар дар як шабонарӯз бештар аз 10 ҳазор сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд.