Дарсҳои амалӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо наҷотдиҳандагони осоишгоҳи «Бахористон», воқеъ дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» вохӯрии навбатӣ доир намуданд.

Чунин вохӯриҳо бо мақсади санҷиши омодагии наҷотдиҳандагон ба мавсими шиноварӣ, гузаронидани машваратҳои мунтазам гузаронида мешаванд. Ба масъалаи расондани ёрии аввалин диққати махсус дода шуд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ чӣ гуна кӯмак расониданро дар вазъияте нишон доданд, ки агар яке аз онҳо худаш ба об афтода бошад ва нафари дигар ба ёрӣ ниёз дошта бошад.

Дар охири машғулият ба истироҳаткунандагон варақаҳои таблиғотӣ ва китобчаҳо тақдим карда шуданд.