Аввалин савганди наваскарони даъвати баҳорӣ (ВИДЕО)

6 июни соли 2022 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Эмомалӣ Иброҳимзода иштирок намуд.
Маросим бо ширкати пайвандону дӯстони наваскарон, фармондеҳони қисми низомӣ, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, хонандагони синфҳои болоии мактабҳои миёна доир шуд. Дар ин рӯз 77 нафар наваскарони даъвати баҳории Қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ савганд ёд карданд. 
Онҳо дар даст силоҳ ба садоқат ба Ватани маҳбуб қасам ёд карданд ва савганд хӯрданд, ки қарзии ҳарбии худро садоқатмандона иҷро мекунанд, мардонавор озодӣ ва истиқлоли кишварро ҳимоя менамоянд.  Ва зери ин савганди худ имзо гузоштанд. 
Волидони наваскарон фарзандони худро ба шарафи расидан ба ин рӯз муборакбод карданд ва иброз доштанд, ки онҳо акнун сарбозанд ва бояд қарзи худро дар назди Ватан бо сари баланд ба ҷо оранд. 
Ҷонишини Раиси КҲФ, полковник Эмомалӣ Иброҳимзода ба наваскарон рӯ овард ва гуфт: “Аз номи роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуморо ба ин рӯзи пуршараф, ки намоди шукуҳманди идона дорад, муборакбод мекнуам. Барои ҳар мард савганди садоқате, ки бори аввал силоҳ бар даст барои ҳифзи Ватан ёд мекунад, тамоми умр дар ёдаш хоҳад монд. Ман ба ин умедам, ки ҳамаи касоне, ки ҳоло савганд ёд карданд, бошарафона Парчами ҳарбиро болои даст хоҳанд дошт”. 
Баъди анҷоми маросими савгандёдкунӣ сарварни қисми ҳарбӣ бо падарону модарони наваскарон мулоқот карданд ва ба ҳама суолҳои онҳо посух доданд. 
Ҳамзамон ба пайвандони сарбозон рақамҳои зарурии телефонҳои қисми ҳарбӣ, сарварони он ва фармондеҳони бевоситае, ки бо сарбозон дар иртиботи ҳамешагӣ мебошанд, доданд, то дар мавридҳои зарурӣ занг зананд ва аз ҳоли аскарбачаҳои худ хабардор шаванд.
Дар фарҷом волидон бо шароити будубоши сарбозон аз наздик ошно шуданд.