Марг баъди наҷот. Як навраси 17-сола баъди наҷот аз об дар мошини ёрии таъҷилӣ ҷон бохт

Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рӯзи 4 - уми августи соли равон, соати 12:00 як навраси 17-сола, сокини кӯчаи Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт дар об ғарқ шудааст. Ин ҳодиса дар дарёи Душанбе, наздикии Маркази гармидиҳии №2, воқеъ дар маҳаллаи Хоҷамбиёи поён рух додааст.

Гурӯҳи зудамали Раёсати Кумита фавран ба ҷойи ҳодиса расид ва якҷо бо сокинони маҳаллӣ ҷавонро аз об берун оварданд. То омадани мошини ёрии таъҷилӣ ҳама кумаккҳои аввалияи тиббӣ барояш расонда шуд. 

Аммо мутаассифона, дар роҳи интиқол ба бемористон наврас ҷони худро аз даст дод.