Субҳи 8 сентябр бо дастури Асосгузораи сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми аз заминларзаи шадид осебдидаи Афғонистон кумаки башардӯстона равон карда шуд.
Ин ёриҳо, ки бо корвони пурбори мошинҳои боркашонӣ равона гардид, аз 24 номгӯйи маҳсулоту маводи зарурӣ, аз ҷумла орду
равған, шакар, биринҷ, рахти хоб, либосу пойафзол барои кӯдакон, наврасон ва калонсолон, хаймаҳо, масолеҳи сохтмонии арматура, тахта, шифер, семент ва дигар молу маҳсулот иборат аст.
Кумаки ирсолшуда бештар аз 3000 тоннаро ташкил медиҳад.
Ин иқдом нишони равшани ҳамдардии мардуми Тоҷикистон бо мардуми бародари Афғонистон ва бозгӯй аз сиёсати башардӯстона ва ҳамсоягии неки Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ёдовар мешавем, ки 31 август ва 1 сентябр дар Афғонистон заминларзаи шадид ба вуқуъ пайваста, хисороти зиёди молӣ ва ҷонӣ дар пай гузошт.