Ҳалокати як сокини 15-солаи шаҳри Душанбе дар оби дарёи Вахш

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ғарқи об шудани як писари 15-сола дар канали Сталини шаҳри Левакант хабар дод.

Бино ба ин гузориш ҳодиса 17-уми сентябри соли ҷорӣ тахминан соатҳои 16:30 дақиқа  дар ҳудуди шаҳри Левакант рух додааст. Ин писари ноболиғ, ки ҳамакнун 15 сол доштааст, ҳангоми аксбардорӣ ба канали Сталини шаҳри Левакатд сарозер шудааст.

Дар хабар омадааст, ки ғарқшуда аслан сокини кӯчаи Шараф, хонаи 306 ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе буда, шояд меҳмонӣ омада буд. 

Номбурда дар оби канал ғарқ шудааст ва аз дохили лӯлаи интиқоли об гузашта, ба дарёи Вахш афтодаву ҷони худро аз даст додааст. 

Бо дарёфти хабар имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Аммо ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда ҳамоно бенатиҷа анҷом ёфтааст.

Кумита аз волидон хоҳиш мекунанд фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоранд. Бахусус дар соҳили обҳо гардиш кардани ноболиғон бе назорати калонсолон метавонад фоҷаебор анҷомад.

барчасп: