Тозаахбори ин соат. Зарари сел ба чанд рустои минтақаи Роғун. Ҳалокати як навраси10-сола, ки шиноварӣ мекард

Рўзи 8-уми июни соли 2020, тахминан соати 10:10 дақиқа, як навраси 10-сола дар заҳбури поёни деҳаи Комсомоли ноҳияи Кушониён ғарқ шудааст. Ин наврас ба танҳоӣ дар ин заҳбур шиноварӣ мекардааст. Иллати аслии ғарқ шудани вай маълум нест, вале тахмин меравад, ки аз беэҳтиётӣ гирифтори ин фоҷеа шуда бошад.

Баъди дарёфти хабари фаврӣ субҳи рӯзи 9-уми соли равон наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Хатлон  ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд. Соати 14:06 дақиқа ҷисми беҷони наврасро  3 киллометр поёнтар аз ҷои ҳодиса, дар мавзеи деҳаи Абдурраҳмони Ҷомӣ пайдо карданд ва онро ба мақомоти дахлдор супурданд.

Сел дар Роғун

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Роғун соати 16:00 дақиқаи рӯзи 9-уми июн бар асари бориши боронҳои пуршиддат ва жола дар ҷамоати деҳоти Сичароғи шаҳри Роғун сел омад.

Дар натиҷа роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти маҳаллии  деҳаҳои Луғури боло, Шоҳи Аслон, Санги Сурх, Кали Бек ва 3 пули хурд, 4 симчуби чубини барқиро  қисман хароб намуда, 3 чорвои калони  сокинони деҳаи Санги Сурх талаф ёфтааст. 

Ба ҷои ҳодиса Комиссияи оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун сафарбар шудаанд ва ҳоло ҳаҷми зарари расида муайян карда мешавад.

Корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин ҳодисаи табиӣ оғоз шудааст.

Тафсилоти хабар нашр мешавад.

барчасп: