Дарсҳои омӯзишӣ дар истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон

Рӯзе қабл кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита бо кормандони истироҳатгоҳи Кӯли Ҷавонон машғулиятҳо доир карданд. Дар ҷараёни ин дарсҳои омӯзишӣ дар мавриди мавсими гарм ва риояи қоидаҳои шиновариву оббозӣ ва наҷоти ғарқшудагон, инчунин расонидани ёриҳои аввали тиббӣ корҳои таблиғотӣ анҷом доданд.

Дарсҳои амалӣ дар мавриди роҳҳои наҷоти касони ғарқшуда ва расонидани кумакҳои тиббӣ буд. Риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозии кўдакон, наврасон ва калонсолон дар мавзеҳои шиноварӣ ва ғайра тамрин шуданд. Ҷараёни дарсҳои омӯзиширо намояндагони телевизиони “Баҳористон” ба анвор гирифтанд.

Дар поёни дарсҳо ба ширкаткунандагон китобчаҳову варақаҳои таблиғотӣ дар мавриди обу оббозӣ ва риояи одитарин қоидаҳо дар соҳили дарёву рудхонаҳо, каналҳо ва обанборҳо тақсим карда шуданд.

Ҳамчунин рӯзи 16-уми июни соли равон дар Маҷтамаи фароғатии обии Аквапарк «Делфин»-и ноҳияи Сино ҳамроҳ бо намояндагони Маркази назорати давлатии санитарию ва эпидемиологии шаҳри Душанбе ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбе бо кормандони  истироҳатгоҳ ва истироҳаткунандагон корҳои таблиғотӣ дар мавзӯъи риояи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ гузаронида шуд.

О. Фахриддинзода