Тозаахбори ин соат. Пешгирӣ аз худкушии як ҷавони 25-сола, марги як ҷавони 17-сола ҳангоми оббозӣ

Боз нафаре ҳангоми оббозӣ ғарқи дарё шуд. Ҳамагӣ 17 сол дошт. Вай мехост аз соҳиле ба соҳили дигар убур кунад, вале марг ӯро миёни дарё дарёфт. Ва як ҷавони 25-сола ҳам ба муноқишаи оилавӣ натавонист тоб оварад ва роҳи халосиро дар худкушӣ дид. Аммо умр ба ӯ вафо кард, кормандони имдоди Кумита сари вақт ба наҷоташ расиданд ва ҳоло ӯ дар бемористон аст.

Тибқи маълумоти навбатдори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  баъд аз зӯҳри рӯзи 20 июни соли 2020, тахминан соати 15:00 дақиқа як  сокини ноҳияи Синои пойтахти кишвар ҳангоми оббозӣ дар дарёи Душанбе ғарқ шудааст.

Ба муҷарради дарёфти хабар гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва соати 16:15 дақиқа ҷасади марҳумро аз дарё берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Маълум шуд, ки шаҳрванди ғарқшуда ҳамагӣ 17 сол доштааст. Вай ҳангоми убур аз соҳил ба соҳили дигари дарё ғарқ шудааст.

Кормандони наҷоти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ҷасадро дар қаламрави ноҳияи Фирдавсии пойтахт, дар шафати тарабхонаи “Яккасарой” пайдо карданд. Ҳуввияти ғарқшуда маълум нест. 

Қасд ба ҷони худ бар асари муноқишаи оилавӣ

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Ваҳдат рӯзи 20 июни соли 2020 тахминан соати 12:35 дақиқа як сокини ноҳияи Ёвон дар шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат аз болои пули дарёи Кофарниҳон худро ба қасди худкушӣ ба дарё афкандааст.

Баъди гирифтани хабар ҳайати шахсии бахши шаҳри Ваҳдат сари вақт ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда, дар якҷоягӣ бо кормандони ҶДММ Ёқут-2000 шаҳрвандро аз дарёи Кофарниҳон наҷот доданд ва ӯро бо автомашинаи ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии шаҳри Ваҳдат интиқол доданд.

Айни ҳол вазъи саломатиаш хуб мебошад. Номбурда дар бораи сабаби аслии қасд ба ҷони худ кардан то кунун чизе нагуфтааст.

Дарҳои баста ва кумаки дастаи наҷот

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боз кардани ду дари баста дар ду рӯзи охир хабар дод. Чунончӣ, рӯзи 21.06.2020 соати 18:26 дақиқа Мирзоев Далер, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Борбад    ба навбатори фаврии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе хабар додааст, ки дари хонаи истиқоматиаш  махкам гардидааст.

Баъд аз гирифтани ахбороти фаврӣ гурӯҳи махсуси зудамали наҷодиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, соати 19:06 дақиқа дарро боз кардаанд.