Ногуфтаҳо аз ахбори рӯзҳои истироҳат

Рӯзҳои истироҳат барои кормандони наҷот истироҳате ҳам набуд. Пайваста дар хати иртибот буданд, баъди дарёфти зангҳои телефонӣ аз рӯйдодҳо фавран ба макони ҳодиса ҳозир мешуданд ва ҳар коре аз дасташон меомад барои наҷоти афрод анҷом медоданд. Чунончӣ, боди сахт дар кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемури пойтахт тунукаи болопӯши як биноро дар ҳалати садамавӣ қарор дод. Гурӯҳи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида, ин ҳолати садамавиро бартараф намуданд ва сокиони биноро аз изтироб раҳониданд.

Море, ки буду баъд рафт

Мор ҷое пайдо мешавад, ба зудӣ аз сӯрохе берун меравад ва соҳибони хона ҳарчанд кобанд ҳам мушкил аст онро биёбанд. Ин гуна ҳодисаҳо қаблан ҳам рух дода буданд.

Рӯзи 28-уми июни соли равон, соати 17:29 дақиқа як сокини кӯчаи Назаршоеви пойтахт хабар дод, ки ба хонааш мор ворид шудааст. Панҷ нафар аз Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе  ба ҷои ҳодиса сафарбар шуданд, вале ҷустуҷӯи қариб яксоата бенатиҷа анҷом ёфт.

Мор аз кадом сӯрохи дигар берун шуда буд.

Писарчаи 7-сола волидонро дар изтироб андохт

Рўзи 28-уми июн навбатдори Раёсати Вазорати корҳои дохилии шаҳри Душанбе капитан Нурхонов хабар дод, ки дар ҳудуди ноҳияи Сино,  кучаи Ҳаёти Нав як  ноболиғ  дар шохаи канали калони Ҳисор афтидааст.

Дастаи махсуси зудамалӣ наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе фавран ба ҷои ҳодиса сафарбар шуд. ҷустуҷӯ натиҷа надод. Аммо баъдан маълум шуд, ки ин писараки 7-сола дар канали Ҳисор ғарқ нашудааст, балки бо дӯстонаш ба Кӯли Ҷавонон рафтаву бегоҳи соати 16:42 дақиқа ба хонаи амакаш баргаштааст.

Боз ҳам беназоратии волидон боиси саргардониҳо шудаву то пайдо гаштани наврас басо касон дар ташвишу изтироб мондаанд.

Хабарҳои дигарро дар бахшҳои баъдӣ бихонед.