Гурӯҳи муштараки корӣ вазъи деҳаҳои зарардида аз заминларза дар Тоҷикободро меомӯзад

Заминларзаи рӯзи  4-уми июли соли равон дар чанд деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар овард. Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, алҳол зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.

5 июли соли 2020 барои омӯзиши вазъ ва арзёбии зарари расида, ҳамоҳангсозии бартараф намудани паёмадҳои заминларза гурӯҳе аз ҷумлаи кормандони КҲФ, Академияи илмҳо, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати геологияи назди Ҳукумати ҶТ ба деҳаҳои зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод  сафар карданд. 

Аъзои ҳайати эъзомӣ бо сокинон мулоқот наҷом доданд в аба онҳо фаҳмониданд, ки Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ба зудтар  бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар минтақа таваҷҷуҳи хоса доранд.

Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбатҳо андешаву пешниҳоди сокинон ҷиҳати зудтар бартараф кардани оқибатҳои заминларза шунида шуданд.  

Гуфтанист, ки ин заминларза соати 14:52 дақиқаи рӯзи 4 июл рух дод. Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон маркази ин заминларза  дар 201 километрии қисмати шимолу шарқии шаҳри Душанбе, дар қаламрави ноҳияи Тоҷикобод буд. Қувваи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷараёни корҳои барқарорсозӣ пурра зери назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

барчасп: