Тамрини махсуси тактикии мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Хоруғ

Тибқи нақшаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар масъалаи мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2020 кормандони Раёсат дар ҳудуди шаҳри Хоруғ машқи тактикӣ гузарониданд. Тамрини мазкур дар мавзӯъи “Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳо дар пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ” гузашт.

Дар ин чорабинӣ кормандони Беморхонаи марказӣ, Маркази давлатии назорати эпидемологии вилоят ва Маркази саломатӣ ва кормандони хадамоти сӯхторнишонӣ ҷалб карда шуданд.

Дар ҷараёни омӯзиш дар бораи фаъолияти КҲФ дар самти мудофиаи гражданӣ, ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави вилоят, корҳои пешгирӣ дар мавриди коҳиши хатари густариши коронавирус, ҳамчунин тавсияҳо оид ба вокунишҳо ба ҳолтаҳои фавқулода маълумот дода шуданд. 

Дар поёни тамрин кормандони Раёсати КҲФ дар ВМКБ ба ширкаткунандагон варақаву китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.