Оғози давраи нави омӯзишӣ барои кормандони КҲФ

Дар доираи татбиқи “Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳо”, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд татбиқ мекунад ва бо мақсади такмили ихтисоси кормандони КҲФ дар Маркази таълимии шаҳри Душанбе барномаи омӯзишии компутерӣ оғоз гардид.

Аз 3 то 7 августи соли 2020 даҳ нафар кормандони Раёсат оид ба масъалаҳои кӯли Сарез ва Хадамоти зидди жола давраи омӯзишии барномаҳои махсуси компутериро хоҳанд гузашт, ки дар кори ҳамарӯзии худ истифода мебаранд. 

Технологияи нав ва барномаҳои ҷолиби компутерӣ барои роҳандозии мониторинг ва хабардоркунии бармаҳал дар кӯли Сарез ва минтақаҳои атрофи он ва ба роҳ мондани корҳои зидди жола аз ҷониби мураббиёни соҳибтаҷриба омӯзонида мешавад.

барчасп: