Сӯхтор дар Лучоб. Талафоти ҷонӣ нест. Сабабҳои он таҳқиқ мешавад

15 августи соли 2020, соати 13:39 дақиқа навбатдори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнинонии  ВКД  Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода шуд, ки дар кўчаи Лучоби ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз алафҳои хушкшудаи теппа сўхтор ба амал омадааст. Соати 13:42 дақиқа ба ҷои ҳодиса гурўҳи 1 Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат иборат аз 5 нафар сафарбар шуданд. Дар натиҷа маълум гардид, ки масоҳати сўхтори ба амаломада тахминан 1000 м2  - ро ташкил медиҳад.

Соати 14:40 дақиқа гурўҳи 1 Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсат бо ҳамроҳии чузъу томҳои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнинони, бо истифодаи  6 адад техникаҳои махсуси сўхторхомушкунӣ ин оташсӯзиро пурра хомӯш карданд.

Сабабҳои сӯхтор аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.

Дар сўхтори ба амал омада талафоти ҷонї ба қайд гирифта нашудааст.

Озод Фахриддинзода