Ҷасади зане, ки бо се фарзандаш худкушӣ карда буд, пайдо шуд. Дар Роштқалъа ҳам як марди баркамол даст ба худкушӣ задаст

Аз дирӯз, ки хабари худкушии як сокини сисолаи ноҳияи Рашт бо се фарзанди ноболиғаш интишор ёфт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ садҳо нафар изҳори назар карданд, ки дар давоми рӯз хулосае аз он навиштаҳоро ин ҷо хоҳем кошт. Баъди ҷустуҷӯҳои зиёд имдодгарон ҷасади занро пайдо карданд, вале ду фарзанди дигари ӯ ҳамоно нопадиданд. Дар ин бахш хабарҳои дигаре ҳам аз фавти афрод дар обҳои кишвар дорем, ки аз беэҳтиётӣ сурат гирифтааст.

***   ***   ***

Ҷасади зани сисола, сокини ноҳияи Рашт, ки худ ва се фарзандашро ба дарёи Сурхоб афканда буд, дирӯз имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Рашт пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ин ҳодиса нисфирӯзии 16-уми август рух дода буд ва дар рӯзи аввали ҷустуҷӯ имдодгарон танҳо духтари сесолаи ӯро пайдо карда буданд.

Ҷасади ин зан 25 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар мавзеъи Даҳанаи ҷамоати Оби Меҳнат пайдо шудааст. ҷустуҷӯи писари 9-сола ва духтари 6-солаи ӯ идома дорад.

 ***   ***   ***

Тахминан соати 14:10 дақиқаи рўзи 17-уми августи соли равон як сокини 17-солаи деҳаи Дуғобаи ноҳияи Варзоб вақти оббозӣ дар дарёи Варзоб ғарқ шуд. Соати 15:11 дақиқа сокинони деҳа тахминан 20 метр поёнтар аз ҷойи воқеъа ҷасади ӯро пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Сабаби марги ӯ беэҳтиётӣ ҳангоми оббозӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ гуфта шудааст. 

 ***   ***   ***

Бегоҳии дирӯз, 17 август як сокини 50-солаи деҳаи Даштаки ноҳияи Роштқалъа ба қасди худкушӣ худро ба дарёи Шоҳдара сарозер кардааст. Ҷустуҷӯи ҷасади номбурда дирӯз натиҷа надод. Аз субҳи имрӯз корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд. Сабаби худкушӣ таҳқиқ мешавад. Иттилои бештар нашр хоҳад шуд.

 ***   ***   ***

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз зӯҳри дирӯз, 17-уми август ҷасади як шаҳрванди 44-солаи шаҳри Бохтарро, ки рӯзи 15-уми августи соли равон дар оби Вахш ғарқ шуда буд пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурданд. 

Гуфта мешавад, ки ҷасади марҳум тақрибан 20 километр дуртар аз ҷойи ҳодиса, дар мавзеъи Пасариқи шаҳраки Бохтариён пайдо шудааст.

Сабаби марги ӯ дақиқан маълум нест. Аммо гумон меравад, ки аз беэҳтиётӣ ва надонистани қоидаҳои шиноварӣ ғарқ шуда бошад.