Covid-19: Таҳқиқ шудааст, ки вирус дар банкнотҳо ва оинаи смартфонҳо бештар аз он сироятшаванда боқӣ мемонад, ки пештар ҳадс зада мешуд

Субҳи имрӯз, 12 октябри соли 2020 шумори мубталоён ба коронавирус дар олам 37 миллиону 748 ҳазору  234 нафар эълон шуд. Шумори нав сироятшудагон ба Covid-19 дар шабонарӯзи гузашта 49 020 нафар будааст. То кунун аз ин беморӣ дар кулли кишварҳои олам 1 миллиону 081 ҳазору 443 нафар фавтидаанд. Шумори ҷонбохтагон дар шабонарӯзи гузашта 1 ҳазору 31 нафар буд. То ба имрӯз аз ин беморӣ 28 миллиону 350 ҳазору 523 нафар муолиҷа шудаанд.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то 11 октябри соли равон шумори сироятёфтагон ба КОВИД-19 ба 10 222 нафар расида, дар як шабонарӯз 42 бемори нав ба қайд гирифта шудааст. Ин манбаъ шумори муолиҷашудагонро 9058 нафар ва фавтидагонро 72 нафар эълон кард.

Нишондиҳандаи сирояти шабонарӯзӣ ба коронавирус дар Фаронса ба ҳадди рекордӣ расид. Дар як шабонарӯз дар ин кишвар 26 ҳазору 896 нафар сироят шуданд. 

Да Белгия шумори мубталоён ба коронавирус дар як ҳафта 89% афзуд.

Ҳукумадорони Лубнон 169 нуқтаи аҳолинишини мамлакатро аз сабаби афзоши бесобиқаи сафи сироятшудагон минтақаҳои баста эълон карданд. 

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар Эрон аз 500 ҳазор нафар гузашт, аз ин маризӣ то кунун 28 544 нафар фавтиданд. 

Украина эълон кард, ки чораҳои карантиниро ба иллати авҷи коронавирус сахттар мекунад. Аз ҷумлаи ин тадбирҳо гузаштани муваққатии мактабҳои олӣ ба омӯзиши фосилавӣ мебошад. 

Да Белоруссия сафи сироятшудагон то 11 октябри соли равон ба 83 ҳазору 534 нафар расид ва аз ин вирус то кунун 896 нафар ҷон бохтанд.

Да Қирғизистон зарфи як шабонарӯз 306 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд. Аз оғоз то кунун 49 ҳазору 230 нафар ба короонавирус сироят шудаанд. 

Муҳаққиқони Агентии миллии илмии Австралия (CSIRO) исбот кардаанд, ки  вируси Covid-19 дар банкнотҳо (пулҳои коғазиву филузӣ) ва экрани смартфонҳо бештар аз он сироятшаванда мемонад, ки пештар ҳадс зада мешуд.  

Олимони Австралия дар торикӣ таҷриба гузаронидаанд, дар ҳоле маълум аст, ки нурҳои ултрабунафш кушандаи вирус мебошанд. Дар таҳқиқотҳои пешин гуфта мешуд, ки вируси SARS-Cov-2 дар банкнотҳо ва болои шишаҳо аз ду то се рӯз ва дар пластика  ва оҳан то шаш рӯз боқӣ мемонад.  

Зарфи як ҳафтаи сипаришуда дар сирояти коронавирус Русия бадтарин ҳолат аз оғози пандемия доштааст.