Activities calendar

22 декабря 2020

Ҳавои камбориши рӯзҳои оянда. Аммо туман боқӣ мемонад. Лағзиши тарма эҳтимол дорад. Эҳтиёт кунед!

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон то 26 декабри соли равон ҳаво дар водиҳои ноҳияҳои тобеъи марказ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд камбориш мешавад, дар кӯҳҳо барф меборад. Дамои миёнаи ҳаво дар водиҳо то 10 дараҷа гарм мешавад, вале дар  кӯҳҳо ҳавои сард дар назар дошта шудааст.

Роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Кӯлоб...

18 нафар аз ҷумлаи маллоҳони як киштии моҳидории Русия дар бандари Норвегия ба вируси корона сироят шудаанд. Як тани онҳо фавтидааст

18 нафар аз ҷумлаи ҳайати як киштии моҳидории Русия, ки дар бандари шаҳри Бергени Норвегия таваққуф карда буд, ба вируси корона гирифтор шудаанд. Бино ба гузориши ТААС - хабаргузории давлатии Русия як тан аз онҳо ҷони худро аз даст додааст. Хадамоти матбуотии бандари ёдшуда ин хабарро тайид кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин киштӣ рӯзҳои истироҳат вориди ин

Тармаи аввалини ин зимистон дар роҳи Хоруғ – Мурғоб сарозер шуд

Рӯзи 21 декабри соли равон тақрибан соати  04:00 дақиқа, дар километри 619 шоҳроҳи Хоруғ-Мурғоб, мавзеи Ригувеф  деҳаи Манем ва   километри 622 мавзеи Шошак деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучон ноҳияи Шуғнон тарма ҳаракати мошинҳоро муваққатан қатъ кард. Ин аввалин хабари лағзиши тарма дар остонаи зимистони соли ҷорӣ буд.
Ба ҷои ҳодиса аз тарафи МДНРА-и ноҳияи Шуғнон 1-адад

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Кашфи дарёи бузурги Амазон. Франсиско де Ореляна (солҳои 1512-1546)

24 июн испониҳо дар ҷустуҷӯи ғизо ба рустои навбатӣ рафтанд ва ҳиндуҳоро диданд, ки истеҳкомҳои худро сахт ҳимоя мекарданд ва он чӣ барои аврупоиён ҷолиб буд, ки тавре Карвахал менависад, ин рустоҳоро занони қоматбаланду пурқуввати ранги пӯсташон сафед дифоъ мекарданд. Онҳо бо тани нимбараҳна, дар даст камонғӯла ва гурз ба ҳадде пурҷасорат меҷангиданд, ки мардони ҳинду пушт ба душман гардонида наметаво...