Activities calendar

26 декабря 2020

COVID-19: Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, ки мутатсияи нави вирус бештар ба сирояти ҷавонон майл дорад ва бо ҳамин сифат аз гунаи аввал фарқ мекунад

19 декабр Сарвазири Британияи Кабир Борис Ҷонсон изҳор дошт, ки навъи нави вирусе, ки дар ҷануби кишвар кашф гардид, 70% зарарноктар аз аввалист. Аз ин рӯ, Британия парвози ҳавопаймоҳои худро бо беш аз 35 кишвари олам, аз ҷумла бо Нидерландия, Белгия, Австрия, Италия, Ирландия, Исроил, Фаронса, Шветсиия, Швейтсария, Эстония, Португалия, Испания, Туркия, Канада, Дания, Норвегия, Эрон боздошт.

Конфронси илмӣ-амалии пешгирии коронавирус дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Бо мақсади иҷрои нақшаи кории Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо паҳншавии сирояти коронавирус ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак оид ба пешгирии ин беморӣ, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист конфронси илмӣ ва амалӣ баргузор гардид.