Activities calendar

28 декабря 2020

Мулоқот бо Директори минтақавии Каритаси Швейтсария дар Тоҷикистон

28 декабри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо директори минтақавии Caritas Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Шинан Н.Кассам мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо татбиқи минбаъдаи фаъолиятҳо...

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда Сафири Фаронсаро ба ҳузур пазируфт

28 декабри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Мишел Тарран мулоқот кард.

Зимни мулоқот сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда...

Ҷаласаи Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Панҷакент доир шуд

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд​ бо иштироки роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии​ шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҷаласаи Комиссияи ҳудудии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид​ ба ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

Лағзиши тарма дар роҳҳои Ванҷ ва Варзоб. Талафоте нест, касе зарар надидааст. Роҳҳо бозанд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияи Ванҷи ВМКБ дар километри 417 ва километри 64 ноҳияи Варзоб лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. Ҳеч касе зарар надидааст. Барои рафъи паёмадҳои лағзиши тарма ва поксозии роҳҳо Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва ширкати  «IRS» техникаи махсус ҷудо карданд ва ҳоло роҳҳо аз ду ҷониб бозанд.

Хатаре, ки аз гармиҳои баъди барфу ях меояд. Эҳтиёт кунед!

Нимаи дуюми имрӯз дар қаламрави кишвар гарм шудани ҳаво дар назар аст ва бино ба гузориши Агентии ҳавошиносӣ гармии ҳаво болотар аз 5 дараҷа хоҳад буд.  Бо вуҷуди ин, сардиҳои гузашта то ҳол асароти худро нигоҳ медорад ва яке аз он шушаҳои овезони ях дар боми хонаҳост. Ҷароҳатҳо аз афтиши ин шушаҳо, ки баъзан ба сари одамон мезананд, дар ҷадвали хатарҳои зимистонӣ дар ҷойи чоруманд.

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам аз 81 миллиону ва ҷонбохтагон аз 1,7 миллион гузашт

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар оламро  81 миллиону 144 ҳазору 994 нафар эълон намуд. Шабонарӯзи гузашта боз 144 ҳазору 263 нафар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.  Шумори фавтидагон ба 1 миллиону 771 нафар расида ва зарфи 24 соати гузашта дар олам боз 2 036 нафар ҷон бохтаанд. То кунун аз ин беморӣ 57 миллиону 293 ҳазору 765 нафар шифо ёфтаанд. Ҳоло дар беморхонаҳои кишвраҳои...