Activities calendar

11 декабря 2020

Баррасии масъалаҳои таҳкими чораҳои зиддиэпидемикӣ дар Гулистон

Бо мақсади таҳкими чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус СОVID-19 бо иштироки роҳбарон ва масъулинии муассисаҳои таълимӣ дар мактаб-гимназияи №1 ба номи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Гулистони вилояти Суғд семинари машваратӣ баргузор гардид.  Саймустафо Нуров, афсари бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳр доир ба мавзӯъҳои "Shakeout-

Генерал Назарзода хостори идомаи лоиҳаи муштараки Швейтсария ва Тоҷикистон дар мавриди коҳиши хатари офатҳо шуд

10 декабри соли 2020, дар бинои Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа дар мавриди анҷоми лоиҳаи «Механизми такмили сиёсати коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ» баргузор гардид. Тақвияти системаи идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон», ки онро КҲФ ва Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ дар соли 2016 имзо кардаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон амалӣ карда шуд.

Тағйири иқлим: Афзоиши анкабутҳо ва морҳои заҳрдору газанда дар баъзе минтақаҳои Русия

Дар вилояти Ростови Русия шумори анкабутҳо ва морони заҳрдор афзудааст. Мутахассисон инро ба тағйири иқлим рабт медиҳанд ва мегӯянд гарм шудани иқлими сайёра боиси он шудааст, ки ҳатто хазандагон ҳам маконҳои будубоши худ ва ҷуғрофиёи ҳузурашонро васеъ кунанд. Аз ин пештар анкабутҳои заҳрдор танҳо дар марзҳои Қалмиқ ва соҳилҳои халиҷи Таганрог дида мешудаанд.

Covid-19: Шумори гиифторон ба 71 миллион наздик мешавад. Белорусия тасмим гирифт хуруҷи шаҳрвандонаш ба хориҷи кишварро манъ кунад

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам ба  70 миллиону 720 ҳазору 814 нафар расид. Зарфи як шабонарӯзи гузашта бо 198 ҳазору 085 нафар ба Covid-19 мубтало шуданд. То кунун аз ин бемории маргбор дар олам 1 миллиону 588 ҳазору 444 нафар ҷон бохтаву аз он 49 миллиону 148 ҳазору 966 нафар ҷон ба саломат бурдаанд. 106 ҳазору 822 нафар ба беморхонаҳои олам дар ҳоли вазнин қарор доранд.