Activities calendar

24 декабря 2020

Имдодгарони КҲФ мошинеро, ки дар як канал сарозер шуда буд, берун кашиданд

Бегоҳии рӯзи 23 декабри соли 2020, соати 18:05 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошини тамғаи ВАЗ 21015 бо сабабҳои номаълум дар канале, ки дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Душанбе ҷорист, сарозер шудааст.

Соати 18:07 наҷотбахшони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Covid-19: Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз марги бештар аз 1 миллиону 737 ҳазор хабар дод

Шумори гирифторн ба коронавирус дар олам аз 79 (79 057 408 ) миллион гузашт. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шабонарӯзи гузашта боз 206 ҳазору 346 сироятшудаи нав ва 4 ҳазору 497 фавтидаи нав ба қайд гирифта шудааст. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам аз  Covid-19 1 миллиону 737 ҳазору 751 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин манбаъ шумори шифоёфтагонро 55 миллиону 648 ҳазору 759 нафар эълон кард.