Activities calendar

05 декабря 2020

Covid-19: Дар олам беш аз 66 миллион гирифторанд. Ҷо Байден-президенти тозаинтихоби ИМА доштани ниқобро дар кишвараш ҳатмӣ хоҳад кард

Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори гирифторон ба коронавирус КОВИД-19 ба 66 миллиону 231 ҳазору 472 нафар расидааст. Танҳо дар як шабонарӯзи гузашта дар саросари олам боз 199 ҳазору 995 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст. Шумори ҷонбохтагон аз ин беморӣ дар олам ба 1 миллиону 524 ҳазору 473 нафар расидааст. Аз КОВИД-19 то кунун 45 миллиону 812 ҳазору 972 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Тавсияҳои КҲФ барои рӯзҳои сарди оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 5 то 8 декабри соли 2020 ҳаво сард мешавад. Дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо барф, дар баъзе минтиақаҳо барф шадидтар меборад. Ҳарорати миёнаи рӯзонаи ҳаво дар водиҳо 5 ° С хоҳад буд.