Activities calendar

08 декабря 2020

Тамринҳои Shakeout дар Суғд. Омодагӣ ба ҳар зилзилаи эҳтимолӣ

Дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҳамкории Бахши Агентии Оғохон оид ба Макони зист машварат -тренинги дастурдиҳӣ ба хотири огоҳонӣ аз офатҳои фалокатовари заминларза ва пешгирии авҷи бемории сироятии Коронавирус (СOVID-19) баргузор гардид.

Дар Бохтар омодагии иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паногоҳҳоро санҷиданд

Яке аз вазифаҳои муҳими мудофиаи гражданӣ таъмини аҳолӣ ҳам бо лавозимоти муҳофизати шахсӣ ва ҳам бо асбобҳои муҳофизатии дастаҷамъӣ мебошад. Ба ин воситаҳо иншоотҳои гуногуни муҳофизатӣ ва паноҳгоҳҳо дохил мешаванд. Муҳим аст, ки дар онҳо ба тартиби ҳолати кории таҷҳизот риоя шавад. Назорат аз болои ин аз ҷониби мақомоти назорати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда амалӣ карда мешавад.

Идомаи ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон

Дар асоси банди 4 қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 октябри соли 2020 гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷаласаҳои шаҳри ву ноявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда баргузор гардид.

COVID-19: Шумори гирифторон ба 68 миллион наздик мешавад. Аз беш аз 14 ҳазор мубталоёни бистаришуда дар Қазоқистон 1 010 нафарашон кӯдаконанд

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори беморони мубтало ба КОВИД-19 дар оламро субҳи имрӯз 67 миллиону 939 ҳазору 562 нафар эълон кард. То кунун аз ин вирус 1 миллиону 550 ҳазору 272 нафар фавтиданд. Шумори муолиҷашудагон 47 миллиону 024 ҳазору 250 нафар буда, ҳоло ба бемористонҳои олам 106 ҳазору 287 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.