Activities calendar

18 декабря 2020

Covid-19: Шумори мубталоён дар олам аз 75,3 миллион гузашт. Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ба коронавирус гирифтор шуд

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба  75 миллиону 357 ҳазору 739 нафар расида, шабонарӯзи гузашта боз 296 799 нафар мубтало ба ин беморӣ шуданд. Аз коронавирус 1 миллиону 669 ҳазору 877 нафар фавтиданд. То кунун дар саросари олам аз ин беморӣ 52 миллиону 924 ҳазору 771 нафар пурра муолиҷа шуда, ин шабу рӯз дар беморхонаҳои олам 107 ҳазору 261 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.